-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Соҳибкорони Суғд ва Красноярск хостори таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ шуданд

Дар вилояти Суғд қариб 700 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ин корхонаҳо 200 номгӯй маҳсулот истеҳсол мегарданд. Ин нукта дар вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири Марказӣ Рафаел Шагиев ва гурӯҳи соҳибкорон аз кишвари Красноярски Федератсияи Русия баён гардид.

Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки дар соҳаи кишоварзӣ низ имконият барои тавсеаи ҳамкорӣ фаровон буда, ҳарду тараф метавонанд бо ташкили корхонаҳои муштарак коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин равобит миёни минтақаҳои ҳарду кишвар дар ҳоли рушд буда, вилояти Суғд дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо якчанд минтақаҳои Русия, аз ҷумла Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижегород, Алтай ва Ҷумҳурии Доғистон ҳамкории пурсамар дорад.

Тазаккур дода шуд, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Русия серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳарду минтақа метавонанд барои содироти меваи хушку тар, маҳсулоти пахтагин, консерва, обҳои нӯшокӣ тарҳҳои нав амалӣ созанд. Вилояти Суғд барои воридсозии чӯбу тахта, ғалла ва дигар маҳсулот ҳавасманд аст.

Рафаел Шагиев аз истиқболи самимӣ изҳори сипос карда, иброз дошт, ки дар ин сафар ӯро гурӯҳи соҳибкорон ҳамроҳӣ доранд. Соҳибкорони рус давоми чанд рӯз аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид карда, барои густариши робитаҳо аз имконияти мавҷуда истифода хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки пас аз мулоқот дар меҳмонхонаи «Суғдиён» ҳамоиши доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва кишвари Красноярск оғоз ёфт. Тоҷирон доир ба имконияти мавҷуда ва роҳҳои рушди ҳамкорӣ миёни ҳам гуфтугӯ менамоянд.

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news