2.9 C
Tajikistan
Wednesday, October 4, 2023

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеров мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеровро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғози фаъолияти дипломатии сафири Озарбойҷонро  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ карданд, ки барои тақвияти муносибатҳои байни ду давлати  дӯст иқдомҳои зарурӣ пеш мегиранд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Озарбойҷонро баррасӣ карда, рушди рӯзафзуни онро дар муддати сӣ соли гузашта таъкид  намуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои дурнамои рушд ва густариши ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ, байнипарламентӣ ва байниминтақавӣ, аз ҷумла таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКСҲО: ММ МО ҶТ

Latest news

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт

5 октябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ҷойи ифтихору фараҳмандӣ аст, ки дар рӯзгори соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони...

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Related news