2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Дар Душанбе рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Тоҷикистон зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Роҳбари Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Зимни мулоқот раванди ҳамкории Кумитаи рушди сайёҳӣ  бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, аз ҷумла таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ва барномаҳои FAO дар Тоҷикистон дар самти рушди агросайёҳӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки агросайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳамчун шакли нав ва муосири сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.
Рушди ин намуди сайёҳӣ  ҷанбаҳои зиёдеро фаро гирифта, ба рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши занҷираи арзиши иловашуда бо нархҳои қобили қабул фурӯхтани маҳсулот ва афзоиши даромад, муаррифии имкониятҳои сайёҳиву кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва анъанаҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, истифодаи имконияти сайёҳии маҳалҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.

Ташаббуси Пешвои миллат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар  деҳа ва маҳали аҳолинишин такони ҷиддӣ бахшида истодааст.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news