-3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат ҳамоиш доир мегардад

Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат  дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир мегардад. Дар ҳамоиши мазкур аз ҷониби коршиносон ва масъулини идораҳои марбута масъалаҳои коҳиш додани хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо, тартиби равонасозии ҷабрдидагони зӯроварӣ ба ҳуҷраҳои барқарорсозӣ,  самтҳои  асосии фаъолияти мутахассисон дар ҳуҷраҳои мазкур, роҳҳои устувори ҷалби духтарон ба таҳсилоти олӣ, омилҳои иҷтимоиву демографии зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он, инчунин дигар паҳлуҳои  мавзӯи мазкур  мавриди муҳокима қарор  мегиранд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки аз 17 декабри соли 1999 Ассамблеяи генералии СММ бо қарори худ 25 ноябрро Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба  занон эълон намуд, ки ин рӯз ҳамасола дар Тоҷикистон низ таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалб намудани  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба ин масъалаи муҳим ва ҳамчунин нишон додани нақши назарраси занон дар ҳаёти имрӯза мебошад.

Бояд зикр намуд, ки бахшида ба ин рӯз бо қарори махсуси   СММ аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди  зӯроварии гендерӣ»  дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

Хушунат аз  калимаи арабии «хашуна» (яхшуну) гирифта шуда, маънояш «дағал будан, ба касе дағалӣ кардан, дуруштӣ» мебошад. Мутаассифона,  хушунат имрӯз ба масъалае   табдил ёфтааст, ки   қисматае аз  хонаводаҳоро фаро гирифтаву яке аз сабабҳои  аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо гардидаааст. Аксаран ин зуҳурот аз ҷониби зану мард баробар сурат мегирад.

Тавре рақамҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, дар баъзе мавридҳо   хушунати хонаводагӣ  ба худкушии одамон, бахусус ҷавонон  оварда мерасонад.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news