2.9 C
Tajikistan
Wednesday, October 4, 2023

Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи нав дар соҳаи маорифи Тоҷикистон маблағ ҷудо менамояд

Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки барои татбиқи як лоиҳаи нав дар соҳаи маорифи мамлакат маблағ ҷудо намояд, ки он ба беҳтар гардидани шароит дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи умумӣ ва рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон муосидат мекунад. Ин нукта дирӯз зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди инсон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Фадиа Саада, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли баён гардид.

Зикр шуд, ки лоиҳаи таҳияшаванда фарогир буда, ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ бо назардошти тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимию лабораторӣ, таъминот бо обу санитария ва амсоли инҳо нигаронида шудааст. Ҳамзамон лоиҳаи мазкур дар доираи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шуда, ҷиҳати рушди соҳа мусоидат менамояд.

Зимни суҳбат Вазири маориф ва илм аз ҳамкории судманди ҷойдошта ёдовар шуда, гуфт, ки Бонки ҷаҳонӣ давоми 20 сол аст бо Вазорати маориф ва илм ҳамкорӣ ба роҳ мондааст ва ҷиҳати рушди соҳаи маориф якчанд корҳои судманд анҷом додааст.

Лоиҳаҳои гузариши муассисаҳои таълимӣ ба маблағгузории меъёрӣ, Низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф, таъсиси Маркази миллии тестӣ ва таҳияи низоми ягонаи имтиҳонсупорӣ тавассути ин марказ, таълими муносибати босалоҳият, коркарди лоиҳаи низоми баҳогузории синфҳои ибтидоӣ, татбиқи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», аз курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзӣ гузаронидани беш аз 6 ҳазор омӯзгор, нашри беш аз 9 миллион китоби дарсӣ ва таъмиру сохтмони беш аз 300 муассисаи таълимӣ аз ҷумлаи онҳост.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди корҳои анҷомёбанда ҳанӯз ҳам чанд мушкилӣ ҷой доранд, ки дар ҳамбастагӣ бояд ҷиҳати рафъи онҳо мусоидат намуд ва яке аз ин мушкилот бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо ва зарурати сохтмони муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Тавре маълумоти оморӣ нишон медиҳад, агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд. Инчунин муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ё маҳаллаҳои зиёди навбунёде ҳастанд, ки ба сохтмони мактабҳо ниёз доранд. Ҷиҳати ҳалли ин мушкилот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро андешида истода, ба бахши хусусӣ низ тамоми имтиёзҳо дода шудааст ва ҳамкорию дастгирии шарикони рушд низ назаррас аст.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли зикр кард, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати рушди соҳаи маориф тамоми шароитро муҳайё месозад ва ин гуна талош аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро баррасӣ ва барои татбиқи муваффақонаи лоиҳаи нав омодагии хешро иброз доштанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омор, то моҳи сентябри соли равон дар мамлакат 3911  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии   2 108 942 хонанда фаъолият доранд.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт

5 октябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ҷойи ифтихору фараҳмандӣ аст, ки дар рӯзгори соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони...

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Related news