7.1 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар гарнизони Суғд иншооти ҳарбӣ ба истифода дода шуданд

Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ дар дохили қисми низомии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи мамлакат, воқеъ дар ҳудуди вилояти Суғд хобгоҳи дуошёнаи кушоду барҳавои замонавӣ ва якчанд иншооти дигари дорои аҳамияти ҳарбӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Хобгоҳи кушоду барҳавои замонавӣ бо 350 ҷойи хоб барои сарбозон пешбинӣ гардида, дар масоҳати 630 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншооти мазкур, ба ғайр аз мавзеи хоби ҳайати шахсӣ, инчунин чанд утоқи корӣ барои афсарон, хонаҳои хизмативу маишӣ ва ҳам фароғатӣ, мавзеи махсуси хушк намудани либосу пойафзол, хонаи нигоҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ташнобхона, ҷойи дастурӯшӯйӣ, анборча ва дигар утоқҳои махсуси хизматӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дохили бино ва утоқҳои кориву хизматрасонии иншооти мазкур барои фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсӣ бо мизу курсӣ, ҳама намуди таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои алоқаи дохилӣ, шиору овезаҳои таблиғотӣ ва дигар шароити зарурии маишиву фароғатӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Илова бар ин, баҳри назорати доимии ҳудуди қисми ҳарбӣ дар дохил ва атрофи бинову иншооти он видеокамераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда, хобгоҳи сарбозон ва дигар бинову утоқҳои кориву хизматии афсарону сарбозон ба системаи ягонаи гармидиҳӣ низ пайваст мебошад.

Дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ, роҳраву ҳудуди бинову иншооти қисми низомии мазкур асфалтпӯш гардонида шуда, дар назди хобгоҳ 3 суҳбаткада бунёд ва атрофи иншооти мазкур бо гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои ороишӣ зиннат дода шудааст.

Вазири мудофиаи мамлакат, раиси вилояти Суғд ва ҳамроҳони ӯ аз дохил ва ҳудуди хобгоҳ ва дигар бинову иншооти навбунёди қисми низомӣ дидан карда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд ва аз кори анҷомдодаи сохтмончиёни ин бинои хуштарҳу замонавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмони хобгоҳи навбунёду замонавии сарбозӣ, ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли 2021 аз сифр оғоз карда шуда, аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати мудофиа ва дар доираи маблағҳои мутамаркази буҷетӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо тарҳу усули муосири меъморӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба ғайр аз хобгоҳи кушоду барҳавои сарбозӣ, ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, инчунин дар дохили ин қисми низомӣ давоми як соли охир бинои муҷаҳҳази таълимӣ бо 8 синфхонаи дарсӣ, синфхонаҳои тобистона барои сарбозон, қаровулхонаи замонавӣ, бинои алоҳидаи ташнобхона, мавзеи дастрӯшӯйӣ барои ҳайати шахсӣ, анбори озуқаворӣ ва дигар иншооти ёрирасони зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

АКСҲО: Вазорати мудофиаи ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news