-5.1 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Тоҷикистон ба оғози Барномаи нави минтақавии UNODC дар Осиёи Марказӣ имзо гузошт

Маросими имзо ва оғози Барномаи нави Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (солҳои 2022-2025) дар шаҳри Тошканд 24 ноябр баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода иштирок кард.

Музаффар Ҳусейнзода бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNODC дар мавриди мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалию ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккилона ва киберӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва савдои одамон андешаронӣ карда, нақши Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии онро дар рафъи зуҳуроти номатлуби зикршуда, аз ҷумла ба воситаи расонидани кумаки фаннӣ муҳим хонд.

«Барномаи нави Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (солҳои 2022-2025) бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ба андешидан ва роҳандозии тадбирҳои ҳамоҳангшудаи муассир ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир равона хоҳад шуд», — изҳори умедворӣ кард муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода.

 АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Latest news

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Related news