-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Оид ба идоракунии зиддибуҳронӣ ва ҷустуҷӯи механизмҳои бартарафсозии он конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

 Рушди босуботи иқтисодиёт ва истеҳсолоти миллӣ бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ метавонад ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувории низоми иқтисодӣ, танзими бехатарии иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат намояд. Ин нуктаро имрӯз ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода дар конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Идоракунии зиддибуҳронӣ: таҳлил, баррасӣ ва ҷустуҷӯи механизмҳои бартарафсозии он», ки дар Академияи идоракунии давлатӣ  баргузор шуд, баён дошт.

Дар конференсия доираи васеи олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили мамлакат ва берун аз он, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки дар шароити муосир нақши идоракунии зиддибуҳронӣ барои устувор ва мукаммалгардонии соҳаҳои ҳаётан муҳим, махсусан, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва бахши соҳибкорӣ ниҳоят бузург арзёбӣ гардида, баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат аҳамияти хосса касб намудааст.

Дар конференсия Ректори Академияи хизмати давлатии назди Президенти Туркманистон, н.и.и. Алим Аннамуродов, профессори Донишгоҳи давлатии Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Фавзия Сайдахметова, профессори Донишгоҳи федералии шимолӣ (Архангелск) ба номи М.Ломоносов Владимир Мяшкин (онлайнӣ), намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори Маркази ҳамкории байни давлатҳои ИДМ, дотсент Баҳодур Саидамиров, директори Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Саид Ғоибназарзода сухан намуданд.

Зикр гардид, ки имконияти идоракунии зиддибуҳронӣ бо мақсади баромадан аз ҳолатҳои мураккаб, пеш аз ҳама аз фаъолияти  пурсамари инсон вобастагӣ дорад, ки метавонад роҳҳои беҳтарини баромадан аз ҳолатҳои буҳрониро ҷустуҷӯ ва интихоб намояд, таҷрибаи ҳазорсолаи гузаштаро барои бартараф кардани буҳрон истифода барад, ба ҳолатҳои мушкил мутобиқ гардад, барои баромадан аз ҳолатҳои хавфнок тайёр бошад.

Конференсия ду рӯз идома ёфта, дар бахшҳои он аз ҷониби олимони ватанию хориҷӣ маърӯзаҳо баррасӣ хоҳанд гардид.

АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news