-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Намояндаи Раёсати минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин нуктаро  муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода зимни мулоқот  бо Намояндаи Раёсати минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ Ханс Шеддер, ки  22 ноябри соли равон доир гардид.

Саиднахш Раҳмонзода дар идомаи суҳбат зикр кард, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи меъёрҳои асосии инсондӯстӣ нисбат ба  гурезагон ва паноҳҷӯяндагон, аз он ҷумла, истифодаи ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дарҷ гардидаанд, кафолат дода мешавад. Дар ин радиф мақомоти корҳои дохилӣ омода аст бо Намояндагии Раёсати минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд»,-афзуд манбаъ.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ намуда, дар ин самт таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

Намояндаи Раёсати минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ  Ханс Шеддер барои пазироии самимӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

АКС: ВКД ҶТ

Latest news

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Related news