-5.7 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СПЕКА баррасӣ шуданд

Масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи  Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ /СПЕКА/, бахусус таъсиси Фонд ва Котиботи СПЕКА, савдо, иқтисоди сабз ва ҳифзи муҳити зист дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА дар шаҳри Тошканд баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА дар радифи намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва созмонҳою ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ҳайати  Тоҷикистонро муовини  Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода намояндагӣ намуд.

А. Абдураҳмонзода тақвияти ҳамкориро дар ин самт бо кишварҳои минтақа, махсусан дар давраи пандемия зарур шуморида, таъсис додани Фонд ва Котиботи СПЕКА-ро иқдоми хуб арзёбӣ кард ва дар робита ба он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти манфиатҳои иқтисодии кишвар пешниҳод намуд, ки аз ҷониби кишварҳо пазируфта шуд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои марбут ба экология таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Гуфта шуд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли равон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои обу иқлим суханронӣ намуда, пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад ва он аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои СПЕКА пазируфта шуд.

Масъалаи мазкур дар матни «Эъломияи Тошканд», ки дар ҷараёни ҷаласа қабул гардид, дарҷ ёфтааст.

 АКСҲО: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news