0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Ҳайати доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея ба вилояти Хатлон сафар намуд

Ҳайати доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея ба вилояти Хатлон сафар кард. Меҳмонон бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳр» шинос гардиданд. Меҳмононро роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Ҳамчунин мулоқоти дуҷониба бо ҳадафи густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук, фарҳанг, сайёҳӣ, фанновариҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва хизматрасонӣ баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳайати доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея бо мақсади иштирок дар нахустин Форуми тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки 29 ноябр доир мегардад, дар Тоҷикистон қарор дорад. Ин форум дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар ҳамоиши ҳамкории  «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор мешавад.

Созмондиҳандагони ҳамоиш Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

      АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news