-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Парчам — вожаи соф тоҷикист, — бардошт аз конференсияи илмӣ-назариявии КИ ҲХДТоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 Вакилони  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тарҳ ва намуди  Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дурудароз табодули афкор карда, баъди радду бадали зиёд Низомномаи онро қабул карданд.  Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 Тоҷикистони тозаистиқлол  расман соҳиби  Парчами давлатӣ гардид. Вакилони мардумӣ барои ифодаи номи ин рамз аз байни силсилавожаҳои муродифӣ маҳз вожаи қадимию тоҷикии парчамро пазируфтанд. Ин вожа соф тоҷикист ва бо дирафш иртиботи қавӣ дошта,  имрӯз, хушбахтона, муродифҳои туркию арабии худро мағлуб намуда, ба пирӯзии комил расидааст. Ин матлаб дар  конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии кишвар», ки имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ  дар толори БДА “Амонатбонк” баргузор шуд,  баён гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Директори муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва Ғайбулло Афзалов, Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир, сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии пойтахт, фаъолони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳизбиёни пойтахтро ба муносибати Рӯзи Парчам табрик намуда, зикр кард, ки «Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Сипас Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода оид ба таърихи  Парчами миллӣ ва аҳамияти арҷгузорӣ ба он изҳори назар кард.

Дар идомаи конференсия Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи  «Парчами давлатӣ — рамзи худшиносии миллӣ ва сиёсӣ», собиқадори меҳнат, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова дар мавзӯи «Нақши таърихии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдат», сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд. Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърҳо қироат намуда, собиқадори меҳнат,  иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов ёддоштҳои худро аз ҷараёни қабули Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI иброз дошт.

Дар фарҷоми конференсия миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамзамон дар доираи чорабинии мазкур аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аксияи иттилоотӣ ва тақсими шириниҳо баргузор гардид. Дар рафти аксияи варақаҳои иттилоотӣ оид ба таърихи Парчами давлатӣ, шириниҳо парчамҳои сарисинагӣ ва рӯйи мизӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт тақсим карда шуд.

АКСҲО: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news