-12.1 C
Tajikistan
Saturday, December 4, 2021

Парчами давлатӣ имкон дод, ки ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ намоем,-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Суғд

Имрӯз  дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд  ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки “таърих шаҳодат медиҳад, ки парчамбардорӣ барои аҷдодони мо – тоҷикон, ҳанўз аз замонҳои дури таърих оғоз шуда, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ дорад. Имрўз мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Моҳи апрели соли 2014 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ дар пояи баландиаш 55 метр парафшон гардид.

Барои тақвият бахшидани эҳсоси худшиносию худогоҳии ҳамватанон дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят майдонҳои Парчами давлатӣ ба истифода дода шуда, дар назди онҳо баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ аҳамияти зиёди тарбиявию ахлоқӣ дорад”.

Парчами давлатӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти худ бо диди нав назар андозем. Ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ карда, ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.

Аз ҷониби аҳли фарҳанги вилояти Суғд барномаи ҳунарӣ намоиш дода шуд.

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Latest news

Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд

 Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо ҳаммуассиси...

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муқовимат бо коррупсия ва Рӯзи ҳуқуқи инсон 3 декабр дар факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди...

17 декабр дар Душанбе Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад

17 декабр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо...

Ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА дар соҳаи озодии баён ва матбуот баррасӣ гардид

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Тереза Рибейро 2 декабр дар Стокҳолм  баргузор...

Related news