-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Бонки ҷаҳонӣ барои ҷалби маблағҳои иловагӣ дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон тадбирҳоро амалӣ менамояд

23 ноябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди инсон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Фадия Саада доир ба татбиқи Стратегияи рушди саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мубодилаи афкор намуданд, иттилоъ  медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки миссияи Бонки ҷаҳонӣ давоми як моҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади мусоидат дар пешрафти татбиқи  лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ ва баррасии имконияти ҷалби маблағҳои иловагӣ якчанд корҳоро муваффақона ба анҷом расонид.

Зикр шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики боэътимоди стратегии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давраи пандемияи COVID-19 ба кишвар кумаки грантӣ пешниҳод намудааст. Бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-ро дар  ноҳияҳои қаблии вилоятҳои Хатлону Суғд ва аз соли 2021 дар 6 ноҳияи нави таҷрибавӣ татбиқ  менамояд, ки лоиҳаи мазкур айни замон 16 ноҳияҳои таҷрибавиро фаро мегирад.

Дар давраи пандемияи  COVID-19  Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19- ро дар Тоҷикистон (ТЕС-19)  мавриди амал қарор дод, ки самтҳои фаъолияти он тақвият додани иқтидори соҳаи табобати интенсивӣ ва эҳё, дастгирии чорабиниҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз хавфу хатарҳои оқибатҳои имконпазири  пандемияи COVID-19 ва расонидани кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ маҳсуб меёбанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси...

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Related news