-5.1 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Алишер Мирзонабот: Ниёгони тоҷикон ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот имрӯз дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Имрӯз бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор карда шуд. Мавсуф иброз дошт, ки «Парчами давлатии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд​ ва он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт».

«Ҳамчунин метавон аз парчами Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо​ дар​ ​ роҳи​ ҳифзи​ ​ Ватану​ халқи худ мебошад. Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он​ мо дар роҳи ободии диёрамон ба дастовардҳои рӯзафзун​ ноил хоҳем гашт»,-гуфт А. Мирзонабот.

АКСҲО: МИҲД-и ВМКБ

Latest news

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Related news