-3.6 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Вазорати тандурустӣ аз рӯзноманигорон даъват намуд, ки оид ба COVID-19 ва ваксинатсия маълумоти дуруст пешниҳод кунанд

Бо вуҷуди сатҳи хуби фарогирии аҳолӣ бо ваксинатсия дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ масъалаи эмгузаронӣ яке аз мушкилоти мубрами соҳаи тандурустии мамлакат маҳсуб мешавад.  Ҳарчанд ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бо 5 намуди ваксина таъмин гардиданд, вале сокинони баъзе ноҳияҳо то ҳол барои гирифтани ваксина шитоб намекунанд, ки ин барои ҳарчи зудтар рафъ кардани пандемияи бемории сироятии COVID-19 халал мерасонад. Дар ин бора муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни ифтитоҳи омӯзиши серӯзаи «Нақши васоити ахбори омма дар давраи пандемияи COVID-19», ки  бо иштироки 30 нафар рӯзноманигорони марказҳои матбуотии вазорату идораҳо доир шуд, ибрози назар намуд.

Ба андешаи Ғафур Муҳсинзода, гузаронидани чунин омӯзишҳо барои  хабарнигорон ва намояндагони марказҳои матбуотии муассисаву идораҳо муҳим ва саривақтӣ мебошад.

-Тавассути шумо, кормандони воситаҳои ахбори омма ба аҳолӣ маълумоти нав, боварибахш ва мӯътамад дастрас мешавад. Вазифаи шумо дар ин давраи душвор наҷот додани ҳаёти одамон аст,- гуфт мавсуф.

Ёдовар мешавем, ки ин омӯзиши панҷуми силсилачорабиниҳоест, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи фавкулодаи муқовимат  ба сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (TEC-19) бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.

Мақсад аз баргузории чунин омӯзишҳо- баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони марказҳои матбуотии ташкилоти тандурустӣ ҷиҳати масъалаҳои мубрами марбут ба сирояти нави COVID-19 ва омӯзонидани  тарзи дурусти пешниҳоди маълумот ба аҳолӣ мебошад.

Директори Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон Рустам Турсунзода иброз дошт, ки «раванди кунунии пандемияи COVID-19 ва пажӯҳишҳои коршиносони тиб тасдиқ мекунанд, ки ваксинатсия ягона усули самараноки мубориза бо пандемияи бемории сироятӣ мебошад. Танҳо дар ҳолати фаро гирифтани 90% -и аҳолӣ бо ваксинатсия инсоният метавонад ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад. Дар ин замина ВАО роли калон мебозад. Зеро воситаҳои ахбори омма бо пешниҳоди иттилооти мӯътамад метавонанд мардумро ба ваксинатсия ва андешидани тадбирҳои гигиенӣ ташвиқ кунанд”.

Дар назар аст, ки 26-27 ноябр дар пойтахт машварати ҷамъбастӣ доир шуда,  кормандони марказҳои матбуотӣ ва рӯзноманигорон аз ноҳияҳои тобеи марказ ба он ҷалб шаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news