-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Рамазон Раҳимзода: Парчам рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик аст

22 ноябр Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни вохӯрӣ бо ҷавонони фаъоли мамлакат бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парчамро рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик унвон кард.

Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки «Парчами давлатӣ рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик буда, имрӯзи моро бо ояндаи дурахшон мепайвандад ва миллати фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик ба он арҷу эҳтиром мегузорад. Зеро ҳифзи парчам ва эҳтиром гузоштан ба он нишони ҳувияти миллӣ ва ватандӯстдорӣ буда, шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ибтидои қабули Парчами давлатӣ ҳамеша онро муқаддас дониста, парафшон будани онро нишони зиндагии шоистаи хеш медонанд».

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониш, ҳувияти миллӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, ватандӯстӣ, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ибрози андеша намуд.

Зикр гардид, ки ҷавонон бояд мафҳумҳои Ватан-Модар, муқаддасоти миллӣ, аз қабили Парчам, Нишон ва Суруди миллиро дарк намоянд ва вобаста ба онҳо бо ҳувияти миллию ҳисси ватандӯстӣ бедору қавитар гарданд.

«Он арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва тинҷию оромӣ, ки бевосита бо ҷонбозиҳою заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, ҷавононро водор менамоянд, ки давомдиҳандаи сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат  бошанд ва барои рушду ободӣ ва пешрафти кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд»,-иброз дошт Р.Раҳимзода.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷавонони фаъол бо шукргузорӣ аз тинҷию осудагии кишвар изҳор доштанд, ки ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои Роҳбари Давлат ва шароити фароҳамшуда омодаанд ба Ватан ва давлату миллат содиқона хизмат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки тоҷикон аз қадим мардуми парчамбардору соҳибдавлат буда, Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ тасдиқ карда шудааст.

АКС: ВКД ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news