Масъалаи роҳандозии сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштараки аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон 22 ноябр дар Теҳрон зимни мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии ин кишвар Муҳаммад Маҳдӣ Исмоилӣ, баррасӣ гардид.
«Масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки аҳли адабу фарҳанги ду кишвар асоси ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эронро, ки аз умқи таърих сарчашма мегиранд, ташкил медиҳанд», — гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, пайвандҳои таърихию меросии қадимиро доро мебошанд.
АКС: ВКХ ҶТ