-5.7 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Ҳайати 60-нафараи доираҳои сармоягузории Корея ба Тоҷикистон омад

Ҳайати 60-нафараи доираҳои тиҷоратию сармоягузории Ҷумҳурии Корея, ки  дар соҳаҳои саноати мошинсозӣ, бофандагӣ, нассоҷӣ,  тандурустӣ,  сайёҳӣ, технологияҳои  иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ва хизматрасонӣ фаъолият доранд, ҷиҳати иштирок дар Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 22 ноябр ба Душанбе омад.

Ҳадафи форум шиносоии сармоягузорони кореягӣ  бо фазои сармоягузорию имконияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳандозии робитаҳо миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар мебошад. Дар форум намояндагони соҳаҳои саноат, технологияи иттилотӣ-коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, тиб ва хизматрасонии Ҷумҳурии Корея иштирок менамоянд.

Интизор меравад, ки Форум ба платформаи баррасии самтҳои афзалиятнок ва воситаҳои рушди Тоҷикистону Корея табдил ёфта, дар доираи он санадҳои ҳамкорӣ миёни ширкату корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Корея имзо шаванд.

Ҳайати доираҳои сармоягузории Корея дар доираи иштирок  дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея  ҳамзамон аз корхонаҳои истеҳсолию саноатии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода боздид менамоянд.

 АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news