-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Узбекистон рақобат мекунанд

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии  шаҳри Душанбе, соати 15:00   бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбекистон дар даври ҷамъбастии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 15-сола  баргузор мегардад.

Дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ    дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи  Тоҷикистон  бо ҳамсолонашон аз Эрон бо ҳисоби 1:1 мусовӣ бозӣ карданд.  Ба голи задаи Алӣ Раҳмоннажоди эронӣ футболбози дастаи мунтахаби наврасони  Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов бо гол ҷавоб дод.

Бозии дигари давр миёни дастаҳои мунтахаби  наврасони Қирғизистон ва Тоҷикистон низ бо ҳисоби 2:2 мусовӣ анҷом ёфт буд. Баъд аз натиҷагирии ду даври чемпионат дастаҳои  мунтахаби  наврасони Тоҷикистон ва Эрон бо 4-холӣ пешсафанд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 15-сола тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Чемпионати CAFA-2021 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-15)

Даври 1-ум

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 5:0
Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 5 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 11 (2:0). Амирхон Ҷалолов, 47 – аз пеналтӣ (3:0). Азиз Зарифӣ, 70 (4:0). Билол Бобоев, 78 (5:0).

Узбекистон – Эрон – 2:3

Даври 2-юм

Эрон – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Голҳо: Алӣ Раҳмоннажод, 7 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 17 – аз пеналтӣ (1:1).

Қирғизистон – Узбекистон – 2:2

 Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  ТОҶИКИСТОН  2  1  1  0  6-1  4
 2  Эрон  2  1  1  0  4-3  4
 3  Узбекистон  2  0  1  1  4-5  1
 4  Қирғизистон  2  0  1  1  2-7  1

Даври 3-юм
23 ноябр (сешанбе)

12:00. Эрон – Қирғизистон

15:00. ТОҶИКИСТОН – Узбекистон

АКС: ФФТ

Latest news

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси...

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Related news