-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

РАМЗИ ШАРАФ ВА ОЗОДӢ. Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки  вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор ҳамоиш баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки парчам барои ҳар миллат рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ифтихору ғурурӣ миллӣ мебошад, аз ин хотир мардуми шарифи Тоҷикистон ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд ва ҳамасола 24  ноябр ин рӯзи таърихиро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлат ва нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат эълон шудаанд.

-Рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатии тоҷикон бо талошҳои пайваста ва кору пайкори абармарди нотакрор, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии якдилонаи вакилони мардумӣ пазируфта шуда, баъдан 12 майи соли 2007 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчам муқаррар ва ниҳоят 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд, ки он ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, -афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Мавсуф иброз дошт, ки «парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, шарафу эътибори он дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад. «Беҳуда нест, ки ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, шараф, нангу номус, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро сарбаландона ҳимоя кардаанд».

Яъне Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Ҳар давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Яъне Парчами давлатӣ муаррифи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

Парчам рисолат ва неруи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.

Дар ҳамоиш ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим роҷеъ ба мавзӯи «Парчами давлатӣ-мӯҳтавои истиқлолияти давлатӣ», вакилони Маҷлиси намояндагон Сарвиноз Маҷидзода дар мавзӯи «Парчами давлатӣ-рамзи ватандорӣ», Файзулло Наҷмиддиниён дар мавзӯи «Парчами давлатиро ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем» ва Абдуҳалим Ғаффорзода дар мавзӯи «Парчам- таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол аст» маърӯза намуданд.

АКСҲО: МН МО ҶТ

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news