-9.1 C
Tajikistan
Wednesday, December 7, 2022

Муҳаммадюсуф Имомзода ва Такасака Мунео тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илмро баррасӣ намуданд

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Ҷопон дар асоси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба роҳ мондааст. Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо  роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) Такасака Мунео иброз гардид, иттилоъ дод сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт.

Зимни вохӯрӣ Муҳаммадюсуф Имомзода аз ҳамкории ҷойдоштаи Вазорати маориф ва илм бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) дар соҳаи маориф ва илм изҳори сипос намуд.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷопон диққати махсус дода, ҳавасманди ба сатҳи нав баровардани ин ҳамкорӣ мебошад.

«Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар марҳилаи гузариш давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниёз ба ҳамкории судманд бо давлатҳои аз лиҳози иқтисод, технология, маориф ва илм пешрафта доранд ва дар ин самт Ҷопон метавонад барои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳо, лоиҳаҳо саҳми арзанда»,-гуфт Вазири маориф ва илм.

Зикр шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Япония, аз қабили Донишгоҳи Акитаи Ҷопон, Донишгоҳи Чиба, Донишгоҳи Васеда  ҳамкорӣ дошта, шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Ҷопон дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамасола шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи бурсияи MEXT (МЕКСТ)-и Ҳукумати Ҷопон ба муассисаҳои таълимии он кишвар фиристода шуда, айни ҳол, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷопон зиёда аз 50 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои гуногун таҳсил менамоянд.

Тазаккур дода шуд, ки айни ҳол дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон омӯзиши забони ҷопонӣ ба роҳ монда шуда, аз соли 2002 то соли 2021 119 нафар донишҷӯ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси тарҷумони забони ҷопонӣ хатм намудаанд.

Соли 2019 бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Душанбе ва маблағгузории ин кишвар дар Тоҷикистон  3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Турсунзода ва Файзобод сохта, ба истифода дода шудаанд.

Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) Такасака Мунео зикр кард, ки аз ҷониби агентии мазкур барномаи омӯзишии «Ҷопоншиносӣ» таҳия шудааст, ки мақсади он паҳн намудани таҷрибаи рушди тараққиёти Ҷопон тавассути омӯзиши роҳбарони ояндаи давлатҳои рӯ ба тараққӣ буда, ташаббускори барнома бевосита Президенти JICA Китаока Шиничи мебошад.

Таъкид гардид, ки айни ҳол барномаи мазкур бо номи «7 боби навсозии Ҷопон» дар 11 кишвари дунё амалӣ шуда, дар назар аст, ки дар 43 давлати дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

Дар охир, ҷонибҳо вобаста ба зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои касбии Ҷопон ва дар факултетҳои забони ҷопонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондани омӯзиши барномаи «Ҷопоншиносӣ» мубодилаи афкор намуда, таъкид доштанд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news