-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

НБО «Помир-1»-и ноҳияи Шуғнон ба давраи зимистон пурра омода мебошад

Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода зимни сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Сучон аз фаъолияти истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Помир-1» ва ҷараёни омодагии он ба мавсими зимистон дидан намуда, бовар ҳосил намуд, ки неругоҳ барои гузаронидани давраи зимистон пурра омода аст.

Зимни суҳбат масъулини неругоҳ иброз намуданд, ки ҷиҳати сари вақт тайёр намудани таҷҳизоти барқӣ таъмири ҷории агрегатҳо, трансформаторҳо, ташхиси тепловизионии ҳамаи таҷҳизоти барқӣ ва захираи миқдори зарурии турбинӣ иҷро шуда, бо боварӣ метавон гуфт, ки неругоҳ барои гузаронидани фасли зимистон пурра омода мебошад.

Раиси ноҳия ба шахсони мутасаддии шабакаҳои барқии ноҳия дастур дод, ки ҷиҳати ҳалли баъзе камбудиҳои ҷойдошта дар самти зимистонгузаронӣ сари вақт чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд.

Роҳбарияти неругоҳ изҳори боварӣ намуд, ки кормандони Неругоҳи барқи обии «Помир-1» бо ҳисси масъулият ба ин масъала муносибат мекунанд ва мавсими зимистонро бе душворӣ паси сар хоҳанд кард.

АКС: МИҲД-и ноҳияи Шуғнон

Latest news

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси...

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Related news