-5.1 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо вазъи хизматрасонӣ дар муассисаҳои тандурустии Суғд шинос шуд

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба вилояти Суғд сафар намуда, аз вазъи феълии хизматрасонӣ дар якчанд муассисаҳои тандурустӣ дидан намуд.

Абдухолиқ Амирзода зимни сафари корӣ аз Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С.Қутфиддинов дидан намуда, бо фаъолияти он шинос гардида, бо беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Мавсуф аснои суҳбат бо беморон иброз намуд, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро ба рушд ва пешрафти соҳаи тандурустӣ равона сохтаанд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд низ сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардидааст.

Муовини вазир Абдухолиқ Амирзода бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур доир ба масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистон, таъмини муассиса бо гармӣ, маводи сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ, назорати беморон ва дигар масъалаҳо суҳбат намуда,  баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Related news