-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Котиби генералии КМО Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода бо Ордени фахрии ОСА сарфароз гардонида шуд

Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода дар баробари собиқ президенти Кумитаи миллии олимпии Лубнон генерал Суҳайл Хурӣ ва президенти Кумитаи олимпии Непал Хон Ҷеван Рам Шрестҳа бо Ордени фахрии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) сарфароз гардид.

Дар Ассамблеяи генералии 40-уми ОСА, ки 21 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор шуд, ин сегона аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи президенти OCA Раҷа Рандҳир Сингҳ ва Вазири варзиши Аморати Муттаҳидаи Араб, доктор Аҳмад Абдулло Ҳумайд Абдулло Белҳул барои хизматҳои бебаҳояшон дар рушди варзиши қора қадрдонӣ шуданд.

Муҳаммадшо Абдуллозода аз соли 1993 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ҳайси тарҷумон (то соли 1998), сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (1998-2003), иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералӣ (2003-2005), Директори генералӣ (2005-2009), сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ (2009-2013) ва Директори генералӣ (то январи 2017) кор кардааст. Дар Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2017 бо пешниҳоди Президенти Кумита муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии КМО Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар давраи фаъолият дар бисёр Бозиҳои олимпӣ ва Бозиҳои Осиё роҳбари ҳайати олимпии Тоҷикистон буд, аз ҷумла, дар Бозиҳои олимпии солҳои 2008, 2012, 2016, ки варзишгарони мо сазовори медал шуданд.

Муҳаммадшо Абдуллозода ҳамчунин бо медали «Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардидааст.

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Latest news

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси...

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Related news