-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД бо ҷурми қаллобӣ дастгир шуд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро бо ҷурми қаллобӣ дастгир намуд.

«Комилов Умед Одинаевич  дар  вазифаи  ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин кор  карда  истода,   давоми  фаъолияти корияш  бо  мақсади  ғаразнок  ва  бо  истифодаи мақоми  хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои гӯё нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда, гирифтааст», — хабар доданд аз Агентӣ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Умед Комилов бо моддаи 247  қисми  3  банди «а»  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  парвандаи  ҷиноятӣ  оғоз  карда  шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакат чунин муроҷиат мекунад:

«Дар хотир дошта бошед, ки коррупсия ҳамчун ҷинояти вазнин яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат мегардад. Биёед бо ин зуҳуроти хавфноки ҷомеа якҷоя муқовимат намоем! Телефони боварии мо: (+992 37) 224 – 23-23».

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news