-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

БАТР барои ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон барномаи омӯзишии «Gender Intellingence» ба роҳ мемонад

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ тасмим гирифтааст, ки дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар оянда барои ташкилоти қарзии молиявии  Тоҷикистон барномаи омӯзишии «Иктишофи гендерӣ» (“Gender Intellingence”) роҳандозӣ намояд. Масъалаи мазкур дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода бо мудири Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба масъалаҳои гендерӣ ва фарогирии молиявӣ хонум Барбара Рамбусек баррасӣ гардид.

Моҳбону Накҳатзода ба намояндагони БАТР барои ҳамкории судманд дар самти татбиқи лоиҳаҳои ба рушди иқтисодии Тоҷикистон равонашуда, рафъи оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19 ва ҷонибдорӣ аз узвияти БМТ дар Иттиҳоди фарогирии молиявӣ изҳори сипос намуд. «БМТ ба фароҳам овардани имконияти иқтисодӣ ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорон, дастгирии рушди иқтисодӣ ва таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Итминон дорем, ки стратегияи мазкур муваффақона таҳия ва татбиқ карда мешавад»,-таъкид намуд Моҳбону Накҳатзода.

Мудири БАТР оид ба масъалаҳои гендерӣ ва фарогирии молиявӣ хонум Барбара Рамбусек омодагияшро барои густариши минбаъдаи ҳамкории БАТР бо БМТ изҳор намуда, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот оид ба сатҳи фарогирии молиявии занон дар кишвар ва дастгирии соҳибкории бонувонро аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба маънидод намуда, гуфт, ки БАТР омода аст барои омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ кумак ва дастгирии худро пешниҳод намояд.

Зикр шуд, ки то кунун БМТ заминаи ташкили махзани маълумот оид ба сатҳи фарогирии молиявии аҳолиро комилан фароҳам оварда, дар ин самт тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби кумакҳои техникиро зарур мешуморад.

Дар мулоқот оид ба рушди бахши суғурта ва ҷалби кумакҳои техникӣ ба ин самт табодули назар сурат гирифт. Намояндагони БАТР омодагиашонро ҷиҳати баррасии масоили вобаста ба пешниҳоди кумаки техникӣ барои рушди бахши суғурта иброз доштанд.

АКСҲО: БМТ

Latest news

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси...

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Related news