-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Аз ёдгории Санҷаршоҳ намунаҳои ҳунари кандакорӣ дарёфт гардиданд

Бостоншиносони тоҷик бо роҳбарии ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, н.и.т Шарофиддин Қурбонов дар тӯли се мавсими охир (тайи моҳҳои сентябр-октябри солҳои 2019-2021)  қасреро (соҳаҳои бостонии 7-8) дар ёдгории Санҷаршоҳ мавриди таҳқиқ қарор доданд. Дар натиҷаи ҳафриёт дар ин соҳаҳо ҳуҷрае пайдо гардид, ки андозаи он дар давраи якуми сохтмонӣ ба  13.5 x 13.8 метр мерасад. Деворҳои ҳамаи ҳуҷраҳои давраи якуми сохтмонӣ (асри 8 мелодӣ) дорои нишонаҳои сӯхтори шадид буданд.

Мавсуф зикр намуд, ки аз нигоҳи таърихи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ ёдгориҳои бостоншиносии Тоҷикистон ниҳоят пурарзишанд. Дар ин ҷо равшан нишон додан мумкин аст, ки маданияти аҷдодони ин сарзамин дар замонҳои дур то чӣ андоза ба қуллаи баланди ташаккули худ расида буд. Дар баробари ин алоқаи он бо тамоми марказҳои асосии тамаддуни ҷаҳонӣ равшану возеҳ мегардад. Бо дидани ёдгориҳои Тоҷикистон кас мутмаин хоҳад шуд, ки фарҳанги маҳаллӣ ба замони қадим решаҳои амиқ давондааст.

“Ёдгории бостонии Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакент аз замири чунин ёдгориҳои беназири кишвар мебошад, ки бо бозёфтҳову биноҳои нодири худ аз ҳунар, завқу ҳаваси меъмориву кулолгарии сокинони болооби водии Зарафшон дар ибтидои асрҳои миёна дарак медиҳад. Ёдгории аввали асримиёнагии Санҷаршоҳ дар деҳаи Суҷина, 12 км шарқтар аз шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд) ҷойгир буда, мутааллиқ ба асрҳои 5-9 мелодӣ мебошад. Новабаста аз он ки қисми зиёди ёдгориро солҳои 1950-ум ва 1970-уми асри гузашта бо мақсади бунёди боғ масъулини онвақтаи деҳаи Суҷина ҳамвор кардаанд, бостоншиносон дар талоши равшан намудани асрори зери он нуҳуфта ҳастанд. То имрӯз дар ҳудуди ёдгорӣ 8 соҳаи бостонӣ таҳқиқ шудааст, ки дар натиҷа барои дарки сохтори шаҳрак, ҳунар ва фарҳанги моддии он маводи пурқимати таърихӣ ба даст омадаанд”, — илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳамасола, шурӯъ аз соли 2008 аз ҷониби бостоншиносони тоҷик ва ҳамкасбони хориҷии онҳо дар асоси шартномаи байни Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти тадқиқоти Авруосиё дар ёдгории номбурда ҳафриёт гузаронида мешавад.

Ба зикри А. Пулотов, соли 2019 дар ду ҳуҷраҳои соҳаи бостонии 8 (ҳуҷраи 8 ва 6) нишонаҳои чӯбҳои сӯхта пайдо гардид, ки дар онҳо гулҳои чорбарга дида мешаванд. Бо сабаби дар ҳайати гурӯҳ набудани тармимгарон корҳои ҳафриётӣ дар он ҳуҷраҳо мавқуф гузошта шуданд ва ҳуҷраҳо аз нав хокпӯш карда шуданд. Соли сипаришаванда (2021) ба бостоншиносон ва тармимгарони ҳафриёт муяссар гардид, ки аз зери хок пораҳои чӯби кандакоришуда ва як пораи деворнигораро  ёфта, мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Дар маҷмӯъ 24 порчаи чӯб ва панелҳои кандакорӣ бо тарҳҳои геометрӣ, флоравӣ ва зооморфӣ пайдо гардиданд. Инчунин якчанд тахтаҳои кандакоришуда пайдо гардиданд, ки дар онҳо акси гӯсфандҳои кӯҳии дар ҳолати ҳаракат тасвир шудаанд. Чунин гӯсфандҳо ё худ бузҳои кӯҳӣ аз зарфҳои нуқрагии суғдӣ маълуманд, аммо ин бори аввал аст, ки онҳо дар ороишҳои меъмории чӯбӣ пайдо гарданд. Дар ҳунари кандакории Осиёи Марказӣ тасвири гӯсфандҳои кӯҳӣ хеле нодиранд.

Бояд хотирнишон намуд, ки аввалин намунаҳои кандакорӣ дар рӯи чӯб соли 2012 аз қисмати шарқии шаҳраки Санҷаршоҳ пайдо гардиданд, ки онҳо асосан бо шаклҳои геометрӣ ва флоравӣ кандакорӣ шуда буданд. Аксариати чӯбҳо дар ҳолати аслии худ боқӣ намемонанд. Танҳо метавонанд дар ҳолати сӯхташуда, ки хусусияти кимиёвиаш тағйир ёфтаанду барои ҳифз шудан муносибанд, пайдо гарданд.

Ҳамин тавр, дар мавсими имсолаи ҳафриётӣ дастаи бостоншиносони мо ҳафриёти қасри шаҳраки қадимаи Санҷаршоҳ, воқеъ дар қисми ғарбии шаҳрро идома дод. Ин қаср солҳои 740-ум сохта шуда, дар сӯхтори азими солҳои 770-780 хароб гардидааст. Муҳимтарин натиҷаҳои ин мавсим пораҳои деворнигораҳо ва пораҳои чӯби кандакоришудаи он мебошанд. Пораҳои деворнигораҳо дар ҳолати хеле бад маҳфуз монда бошанд ҳам, бо вуҷуди ин, дар яке аз онҳо возеҳ аст, ки ин наққошии нарротивӣ буда, бо намунаҳои беҳтарини Панҷакент қиёс карда мешавад. Қисми пои ҳифзшудаи ҳайвонро (шояд аз асп ё хук) ба хубӣ дидан мумкин аст. Шояд ин расм аслан манзараи шикорро тасвир мекард, аммо аниқ гуфтан ғайриимкон аст.

Маҳз нодирияти ин шаҳрак, маводи пурқимати он, мавқеи он дар илми бостоншиносии тоҷик ва минтақа имкон дод, то ин ёдгорӣ дар қатори 9 ёдгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номинаи ёдгориҳои ЮНЕСКО таҳти унвони «Роҳи Абрешим: Долони Зарафшон-Қароқум» шомил бошад.

Тадқиқоти минбаъдаи ёдгории асримиёнагии барвақтии Санҷаршоҳ барои дарки маданияти моддӣ, воқеаҳои ибтидои асри 8 ва баъдина метавонад боз ҳам далоили зиёдеро ба бостоншиносону муаррихон ва таҳқиқгарони маданияти бою рангини Суғдзамин фаро орад.

АКСҲО: Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон

Latest news

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Related news