4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Ҷамолиддин Абдуллозода дар конференсия ва намоишгоҳ оид ба фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Туркия сухан гуфт

Аз 17 то 19 ноябр дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия конференсия ва намоишгоҳ оид ба фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ баргузор гардид, ки  дар кори он  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва як гурӯҳ кормандони вазорат иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар конференсия    Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  сухан гуфта, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия барои даъват ба чунин ҳамоиши бошукӯҳ изҳори миннатдорӣ   кард. Аз ҷумла, иброз дошт, ки яке аз равандҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати ҷиддӣ медиҳад, ин таъмини дастрасии хизматрасониҳои баландихтисоси тиббӣ тавассути рушди соҳаи тандурустии рақамӣ ва рушди системаи миллии иттилоотии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустии DHIS2 таъсис дода шудааст, ки он аз 1 январи соли 2015 фаъолият дорад.

Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустии DHIS2  имкон медиҳад, ки маълумоти оморӣ оид ба вазъи саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ пайгирӣ карда шавад.

Дар доираи татбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи иттилоотӣ оид ба таъйин ва пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандон тавассути барномаи электронии кумаки суроғавии иҷтимоӣ фаъолона амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади таҳкими хизматрасониҳои электронӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллӣ дар самти расонидани кумаки иҷтимоӣ таъсис дода шудааст.

Гуфта шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имконияти омӯзиши таҷрибаи Туркия дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, бахусус беморхонаҳои рақамӣ  ҳавасманд мебошад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари кории хеш бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Туркия Фахриддин Коҷа мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро баҳри тақвият бахшидани онҳо иброз намуданд.

Дар маҷмӯъ, иштироки  намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазир Ҷамолиддин Абдуллозода  дар чунин  намоишгоҳ ва  фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ  баҳри густариши ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news