-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Академик Фарҳод Раҳимӣ дар Анҷумани III олимони ИДМ дар Минск доир ба дастовардҳои илми муосир сухан мекунад

25-26 ноябр дар Минск Форуми III олимони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Дар ин бора зимни  нишасти хабарӣ дар пойтахти Беларус муовини директори департаменти ҳамкории башардӯстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Манучеҳр Ҳоҷизода хабар дод.

Ба зикри Манучеҳр Ҳоҷизода, Анҷумани олимон дар нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2021-2022 пешбинӣ шудааст. Ин нақша дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ  моҳи ноябри соли гузашта ба  тасвиб расида буд. Дар назар аст, ки дар Форум беш аз 150 нафар роҳбарон ва олимони варзидаи академияҳои илмҳо ва марказҳои бузурги илмию тадқиқотӣ, ташкилоти таълимии давлатҳои аъзои Иттиҳод, роҳбарият ва масъулини Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намоянд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 11 нафар бо роҳбарии  президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар форум иштирок мекунанд. Фарҳод Раҳимӣ  дар бораи дастовардҳои илми муосир сухан мекунад. Ба ҳайати намояндагони мамлакати мо ҳамчунин ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илм ва технология Маъмур Мирвайсов ва дигарон шомиланд. Дар доираи форум ҳамчунин баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои узви ИДМ ва Конгресси шӯроҳои илмии Ассотсиатсияи байналмилалии Академияҳои илмҳо дар назар аст.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news