3.7 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Тоҷикистон ва Қатар ба робитаҳои соҳибкорон ҷиҳати сармоягузорӣ ба зерсохтори саёҳатӣ тавсеа мебахшанд

Роҳҳои тавсеаи робитаҳои соҳибкорони ду кишвар дар самти сармоягузории лоиҳаҳои марбут ба зерсохтори саёҳатӣ ва инчунин истифода аз зарфияти иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон, ки дар таҳкими тиҷорат ва саёҳати байниминтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим доранд, дирӯз зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони ширкати «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баррасӣ шуданд.

Дар ин замина Тоҷиддин Ҷӯразода роҷеъ ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишварамон ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти босамари сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ муҳайё намудааст, маълумоти муфассал дод.

Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну босубот дар минтақа ва дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имконияти васеи истеҳсолӣ барои сармоягузорон ҷолиб буда, соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, логистика, саёҳат ва сохтмони меҳмонхонаҳо ҳавасманданд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо баргузор намудани вохӯриҳои мунтазами соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро барои баррасии самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ зарур шумориданд. Ҳамчунин мувофиқа шуд, ки Анҷумани соҳибкорони Қатар пас аз омӯзиши бастаи лоиҳаҳое, ки Кумитаи рушди сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд, гурӯҳи кории худро ба Душанбе сафарбар хоҳад кард.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Қатар

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news