4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Раиси вилояти Суғд бо фаъолияти як қатор гармхонаву сардхонаҳо шинос гардид

 Дар миқёси вилояти Суғд 36 адад сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1000 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии 8 ҳазору 680 тонна мебошанд ва дар онҳо маҳсулоти гуногун захира гардида истодааст. Ҳамзамон, дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 454 гармхона мавҷуд аст, ки аз он 289 гармхонаи навъи хитоӣ ва 4 гармхона навъи инноватсионӣ мебошанд.

Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз як қатор гармхонаву сардхонаҳои вилоят, ки  18 ноябр сурат гирифт, маълумот дода шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, Раҷаббой Аҳмадзода  аз ҷумла бо фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» ошно шуд. Дар ин гармхонаи инноватсионӣ, ки моҳи марти соли 2020 бо иштироки  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд, айни замон парвариши помидору бодиринг ба роҳ монда шуда, маҳсулот барои таъмини эҳтиёҷоти бозори дохилӣ истифода мегардад.

Роҳбари вилоят ҳамзамон аз гармхонаву сардхонаҳои Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, барои захира ва​ истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулот ба роҳбарияти ноҳия тавсияҳо дод.​

Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки аз ҷониби идораҳои марбута барои зимистони дарпешистода маводи асосии ғизоӣ, аз ҷумла равғану шакар, орд, картошка, сабзӣ, пиёз, консерва ва дигар номгӯи маҳсулот захира гардидааст. Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза бояд фаъолияти гармхонаву сардхонаҳо беҳтар ба роҳ монда шавад.

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news