-3.6 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Форуми 2-юми муколама оид ба ҳамкории байналмилалии академияҳои идоракунии Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупои Шарқӣ доир шуд

Дирӯз  дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ)  Форуми 2-юми муколама оид ба ҳамкории байналмилалии академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупои Шарқӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайнӣ) баргузор шуд.

Дар ҷамъомад ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов, ректорони академияҳои идоракунии давлатии ҷумҳуриҳои, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Украина, намояндагони Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), Сафорати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Академияи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Туркманистон иштирок намудан

Дар ҷараёни форум дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маркази рушди ҳуқуқи маъмурӣ» бо таҷҳизоти муосир ифтитоҳ гардид. Маркази рушди ҳуқуқи маъмурӣ дар доираи ҳамкории судманд бо шарикони хориҷии Академия бунёд гардида, мақсад аз ташкили он ба роҳ мондани ҳамкорӣ  дар самти ҳалли масоили марбут ба расмиёти маъмурӣ-ҳуқуқӣ, мурофиаи маъмурӣ-ҳуқуқӣ, асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни ифтитоҳи Форум иброз дошт, ки татбиқи ислоҳот ва рушди низоми хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар марҳилаи кунунии рушди давлатдорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба тайёр кардани мухтахассисони баландихтисоси дорои қобилияти баланди баррасии масъалаҳои мураккаб дар муносибатҳои иҷтимоӣ талабот беш аз пеш меафзояд.

Форуми мазкур ду рӯз идома ёфта, дар 4 давра сурат мегирад. Дар давраҳои форум, аз ҷумла академияҳои маъмурии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Гурҷистон ва Украина муаррифӣ гардида, мавзӯъҳои «Ҳуқуқи маъмурӣ-мурофиавӣ», «Этикаи хизмати давлатӣ», «Худидоракунии маҳаллӣ», «Идоракунии стратегии академияҳои маъмурӣ» аз ҷониби маърузачиён ва иштирокдорон мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода мешаванд.

Дар маҷмӯъ, дар доираи Форум масъалаҳои мубрами баланд бардоштани сифати таълиму таҳқиқ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин самт заминаҳои устувор гузошта мешаванд.

Дар фарҷоми форум миёни академияҳои идоракунии давлатӣ созишномаҳои нав ба имзо мерасанд.

АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news