2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Дар Тоҷикистон нахустин Анҷумани тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея баргузор мегардад

29 ноябр дар шаҳри Душанбе Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати ҷумҳурӣ дар Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» нахустин Анҷумани соҳибкорони доираҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро баргузор менамояд.

Анҷумани мазкур бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорон, ки 29 июни соли 2020 байни палатаҳои кишварҳои Оиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ба имзо расида буд, инчунин густариши робитаҳои тиҷоратӣ миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея гузаронида мешавад.

Ташкилкунандагони ҳамоиш Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидат ва ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Нахустин Форуми соҳибкорони «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» дар остонаи 14-умин Форуми ҳамкорӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея 30 ноябр ташкил карда мешавад.

Форуми мазкур ба минбари баррасии ҳамкории минбаъдаи тиҷоратӣ ва сармоягузории доираҳои соҳибкорӣ дар самтҳои афзалиятнок бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ табдил хоҳад ёфт. Инчунин Форум ба ҷалби соҳибкории хурду миёна ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла тиҷорати электронӣ, агробизнес, амнияти озуқаворӣ, рушди саноат, нақлиёт ва логистика, ҳамкории сармоягузорӣ бо мақсади рушди иқтидори содиротии кишварҳои иштирокчӣ нигаронида шуда, эҷоди шабакаи устувори ҳамкорӣ байни соҳибкорони Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад гардид.

АКС: ПСС ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news