-5.1 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

ХОНА-МУЗЕЙИ САДРИДДИН АЙНӢ КӮЧОНИДА НАМЕШАВАД. Шарҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Тибқи дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳо ва Қаҳрамони Тоҷикистон — Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда мешавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дар робита ба кӯчонидани Хона-музейи Устод Айнӣ таваҷҷуҳ намуда, дастур доданд, ки хона-музей  аз байн бурда  нашавад.

Ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор супориш додаанд, ки атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда шаванд, зеро он макони таърихӣ буда,  устод Айнӣ се соли охири ҳаёти худро дар ҳамин манзил гузаронида будааст.

Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ соли 1978 бахшида ба 100-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик бунёд гардидааст. Осорхона аз якчанд толор ва бойгониву маҷлисгоҳ иборат буда, ҳар яке тартиб ва вазифаи хешро дорад. Инчунин дар осорхонаи мазкур осори устод Садриддин Айнӣ, ки ба 30 забони дунё тарҷума шудаанд ва асарҳои адибоне, ки ҳаёту эҷодиёти устодро таҷассум кардаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

Latest news

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ-2022 дар Душанбе доир мешавад

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ-2022 дар шаҳри Душанбе доир мешавад, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

5 декабр бозиҳои даври 27-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол оғоз мешаванд

 Бозиҳои даври  27-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 5 декабр   дар варзишгоҳҳои мамлакат оғоз мешаванд. Дар ин давр дастаи...

Related news