-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 мавриди баррасӣ қарор гириф

Қабули Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 яке аз ташаббусҳои муҳиму саривақтии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Ин нуктаро 18 ноябр муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зимни баргузории ҷаласаи корӣ  доир ба ҷараёни иҷрои Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани шароити кор ва зиндагии ин қишри ҷомеа пайваста тадрибҳои муҳиму саривақтӣ  амалӣ карда мешаванд. Маҳз тавассути сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву лоиҳаҳои зиёд ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар амал татбиқ гардида истодаанд. Бо мақсади тақвият бахшидан ба сифат ва миқдори хизматрасониҳо, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ рӯз то рӯз беҳтар намуда истодааст.

Дар ҷаласаи корӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони якчанд вазорату идора, кумита, ташкилоти ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок дошта, доир ба рафти татбиқи стратегияи мазкур сухан гуфтанд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки татбиқи босамари Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат, хосатан муҳайё намудани шароити арзандаи кору зиндагии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси...

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Related news