-5.1 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 16-уми Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо раисӣ намуд

16 ноябр ҷаласаи 16-уми Гурӯҳи кории  Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдо бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ки онро роҳбари ҳайати кишвар, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода раисӣ намуд.

А. Абдураҳмонзода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи савдо байни кишварҳои аъзои СПЕКА новобаста аз давраи ҳассоси буҳронӣ, ки тақрибан ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, дар ҳоли муътадил ҷараён дорад ва вобаста ба корҳои амалигардида ҳисоботи гурӯҳи кориро пешниҳод намуд.

Зикр карда шуд, ки дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои СПЕКА дар чаҳорчӯбаи СУС, Стратегия ва Харитаи роҳи СПЕКА оид ба содагардонии расмиёти савдо, тавсеа ва татбиқи минбаъдаи принсипҳо барои савдои устувор дар минтақа, таҳқиқот ва тавсияҳо вобаста ба монеаҳои ғайритарифӣ дар савдо дар давраи пандемия ва рақамикунонии соҳа мавриди муҳокимаи иштирокдорон қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар қатори дигар давлатҳои минтақа дар ҷаласа вазъи кунунии соҳа, ташаббусҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати кишвар вобаста ба пешгирии коронавируси COVID-19 ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як соли охир пешниҳод карда шуд.

Изҳор гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири манфии коронавируси COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақшаи тадбирҳо қабул гардид. Новобаста аз паҳншавии бемории ҳамагир ва пайомадҳои он дар ҷаҳон моҳҳои январ-октябри соли 2021 дар Тоҷикистон рушди ММД нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 4,2 фоиз таъмин гардид.

Тоҷикистон раисии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дошта, ин ҷаласа ҳамасола дар ҳошияи чорабиниҳои СПЕКА дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мегардад.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби раиси гурӯҳи корӣ- А. Абдураҳмонзода ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи савдо байни кишварҳои СПЕКА тавсияҳои мушаххас пешниҳод шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Latest news

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ-2022 дар Душанбе доир мешавад

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ-2022 дар шаҳри Душанбе доир мешавад, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Related news