-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Иштирокдорони СПЕКА таҷрибаи Тоҷикистонро оид ба содагардонии расмиёти савдо қобили таваҷҷуҳ ҳисобиданд

Иштирокдорони  ҳамоиши Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) истифодаи таҷрибаи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи Созишномаи Созмони ҷаҳонии савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо қобили таваҷҷуҳ шумориданд.

17-18 ноябр дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи чорабиниҳои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) Форуми иқтисодӣ дар мавзӯи «Нақлиёт ва савдои устувор барои иқтисоди сабз ва фарогир баъд аз пандемия» бо иштироки намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин созмонҳо ва ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо — роҳбари Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар доираи Форум масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар самти содагардонии низоми нақлиётӣ ва расмиёти савдо ҳамчун омили асосӣ барои иқтисоди сабз байни кишварҳои аъзои СПЕКА баррасӣ гардида, инчунин вобаста ба мавзӯъ аз ҷониби намояндагони кишварҳо ва коршиносони байналмилалии соҳавӣ рӯнамоҳо пешниҳод гардид.

Роҳбари ҳайати кишвар А. Абдураҳмонзода  дар Форум мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар робита ба корҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, Портали савдои Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод намуд, ки иштирокдорон истифодаи таҷрибаи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи Созишномаи Созмони ҷаҳонии савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо қобили таваҷҷуҳ шумориданд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025, Барномаи иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025-ро қабул намудааст, ки дар онҳо вазифаву афзалият ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ бо назардошти ҳадафхои рушди устувор пешбинӣ гардидаанд. Бинобар ин барои расидан ба ҳадафҳои санадҳои зикршуда дар самти таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа ҷалби сармояи хориҷӣ зарур арзёбӣ карда шуд.

Дар охири Форум ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои савдову нақлиёт ҳамчун шохаҳои муҳим ва таъминкунандаи рушд барои иқтисоди сабз ва фарогир баъд аз пандемия «Эъломияи Тошканд» қабул гардид.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news