-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Имкониятҳо ва мушкилоти рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб баррасӣ гардид

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шуъбаи рушди сайёҳии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Имкониятҳо ва мушкилоти рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб» баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, номзади илмҳои филологӣ  Айниддин Холиқзода конференсияи илмӣ-амалиро  оғоз намуда,  дар мавзӯи мавриди назар  изҳори андеша  намуд.

Сипас мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб Ҷамолиддин Тоиров дар мавзӯи «Имкониятҳои истифодаи захираҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии минтақаи Кӯлоб», номзади илмҳои география Шералӣ Гадоев  дар мавзӯи «Арзёбии шароити геоэкологии минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табиии минтақаи Кӯлоб дар рушди сайёҳӣ экологӣ», саромӯзгори кафедраи география ва сайёҳии  Донишгоҳ Рухшона Иброҳимова дар мавзӯи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб», саромӯзгори кафедраи география ва сайёҳии  Донишгоҳ Азиз Мирзоев дар мавзӯи «Самтҳои асосии инкишофи агротуризм дар минтақаи Кӯлоб: вазъи имрӯза ва оянда», ассистенти кафедраи география ва сайёҳии донишгоҳ Бахтовари Анвар дар мавзӯи «Рушди сайёҳии кӯҳӣ дар минтақаи Кӯлоб: мушкилот ва дурнамо», ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ Амирхони Шарифхон дар мавзӯи «Иқтидори захираҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии ноҳияи Балҷувон», донишҷӯи соли чоруми ихтисоси география Мадасани Азизмад дар мавзӯи «Истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар рушди сайёҳӣ (дар мисоли ноҳияи Ш.Шоҳин)» ваассистенти кафедраи иқтисодиёт ва сайёҳии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  Рустам Шарипов  дар мавзӯи «Баъзе монеаҳо дар рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва роҳҳои ҳалли онҳо» маърӯза намуданд.

Зимни пешниҳоди маърӯзаҳо масъалаи имкониятҳо ва мушкилоти рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб ба таври муфассал баррасӣ гардида, баҳри рафъи монеаҳо таклифҳои ҷолиб манзур гардиданд.

Зикр шуд, ки минтақаи Кӯлоб дорои ёдгориҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, аз қабили Қасри шоҳони Хатлон- Ҳулбук, Оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Шаршараи Сари Хосор, Қалъаи Мири Балҷувон, Чилухтарон ва боз даҳҳо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ буда, садҳо нафар сайёҳони дохилию  хориҷӣ аз онҳо боздид намуда, таассуроти нек бардоштаанд. Дар ин замина таъкид гардид, ки таҷрибаи бархе аз кишварҳои ҷаҳон, назири Чин, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Малайзия, Таиланд  ва дигар давлатҳо, ки  дар бахши сайёҳӣ муваффақ гардидаанд, мавриди омӯзиш қарор дода шаванд.

Конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳо байни  устодону донишҷӯён ва дигар иштирокдорон ба анҷом расид.

АКСҲО: ДДК

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news