-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

«ҲАМРОҲ БИХОНЕМ». Ба 3001 мактаби Тоҷикистон китобҳои кӯдаконаи бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ройгон дастрас гардиданд

 Бо мақсади таҳияи китобҳои бадеии баландмазмун лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаллифон, рассомон ва тарроҳонро ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта, сипас 179 номгӯй китоби бадеии кӯдаконаро бо теъдоди 1,3 миллиард нусха бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия намуд, ки ба 3001 муассисаи таълимӣ ройгон дастрас карда шуд. Ин нукта дирӯз зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо директори навтаъйини Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (АРБИМА, USAID) дар Тоҷикистон Питер Райли баён гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки аз соли 2018 то моҳи апрели соли 2021 зиёда аз 27 ҳазору 500 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, 2590 нафар директор ва зиёда аз 3000 нафар китобдорони муассисаҳои таълимӣ бо мақсади тақвияти малакаҳои хониш, банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои беруназдарсӣ оид ба бедор намудани шавқи хондан ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта  шуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Муҳаммадюсуф Имомзода аз ҳамкории ҷойдошта миёни Вазорати маориф ва илм ва Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки яке аз корҳои назарраси анҷомёфта дар самти ҳамкорӣ татбиқи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» мебошад.

директори навтаъйини Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Питер Райли ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ҷиҳати дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, хусусан лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» изҳори сипос намуда, ҳамзамон зикр кард, ки Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка баъд аз анҷоми лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» лоиҳаи «Якҷоя меомӯзем»-ро таҳия намудааст, ки баъд аз имзои Ёддошти тафоҳум миёни вазорат ва АРБИМА ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо иброз доштанд, ки баҳри тақвият додани ҳамкорӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news