-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Тоҷикистон ва Туркия мувофиқаҳои ҷаласа оид ба ҳамкории иқтисодиро баррасӣ намуданд

 17 ноябр дар Анқара бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ҷаласаи корӣ ҷаҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва дарёфти роҳҳои саривақтӣ ва самараноки татбиқи нақшаи амали муштараки он баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини Вазири саноат ва технологияҳои Туркия Четин Алӣ Донмез ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Солеҳзода Умедҷон иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласаи мазкур инчунин масъулини вазорату идораҳо ва намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар шакли маҷозию ҳузурӣ иштирок намудаанд.

Зимни мулоқот иштирокчиён роҳҳои татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи амали зикршуда вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин санадҳои дар доираи ҷаласаи Комиссия ва Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия имзошударо баррасӣ карданд.

Дар маҷмӯъ, вохурӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мусоҳибаи созанда барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва омодагӣ ба ташкили ҷаласаи навбатии Комиссия дар шаҳри Анқара дар соли 2022 сурат гирифт.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси...

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Related news