-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саёҳатӣ дар Давҳа муаррифӣ гардид

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ (Qatar International Exhibition for Travel and Tourism –Qatar Travel Markt 2021), ки 16 ноябри соли 2021 дар шаҳри Давҳа сурат гирифт, иштирок намуд.

Намоишгоҳро Вазири тиҷорат ва саноати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сонӣ бо ҳузури роҳбарони ҳайатҳо ва корпуси дипломатии муқими Давҳа ифтитоҳ намуда, аз гӯшаи Тоҷикистон низ боздид ба амал овард.

Намоишгоҳ бо иштироки 150 ширкати сайёҳӣ аз 34 кишвари ҷаҳон то 18 ноябр идома хоҳад кард. Иштироки ширкатҳои саёҳатии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар Давҳа ҷиҳати дарёфти шарикон, муаррифии имконияти сайру саёҳат, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ва ҷалби бештари гардишгарон ба Тоҷикистон фурсати муносиб фароҳам меоварад.

Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии “Qatar Travel Mart 2021” 16 ноябр  дар шаҳри Давҳа раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо мудири кулли Шӯрои миллии сайёҳӣ дар Қатар Бертолд Тренкел мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд. Ҷониби Қатар ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуда, иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар чунин намоишгоҳ ба афзоиш ёфтани таваҷҷуҳи кишварҳои Халиҷ ба зарфияти сайёҳии Тоҷикистон рабт дод.

Инчунин 16-17 ноябр дар шаҳри Давҳа раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо доираҳои соҳибкорон ва сармоягузорон вохӯриҳо анҷом дод.

Зимни мулоқот бо соҳибкори бонуфузи қатарӣ ва муассиси бонки байналмилалии исломӣ Шайх Алӣ Абдуллоҳ Сонӣ Оли Сонӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ва таъсиси ширкатҳои муштарак дар ин соҳа баррасӣ шуданд. Қарор дода шуд, ки дар оғози соли оянда гурӯҳи соҳибкорон ва сармоягузорони қатарӣ бо мақсади шиносоӣ бо зерсохтори саёҳатии кишвар ва имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳа аз Тоҷикистон боздиди корӣ анҷом диҳад.

Роҳҳои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин зимни мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода ва Носир Ҳасан ал-Ансорӣ — Раиси шӯрои ширкати “Just Real Estate” ва дигар намояндагони доираҳои соҳибкорон ва сармоягузорони қатарӣ баррасӣ шуданд.

Latest news

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Related news