-5.1 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Завқӣ Завқизода ва Валид Абдураҳмон Алрешайдон рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

17 ноябр вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдураҳмон Алрешайдон баргузор гардид, ки зимни он мусоҳибон рушди ҳамкории мутақобилан судманд миёни ҷонибҳоро баррасӣ намуданд.

З. Завқизода зикр намуд, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дошта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам Салмон ибни Абдул-Азиз ибни Абдураҳмон оли Сауд муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳар ду кишвар, аз ҷумла бамаротиб зиёд кардани гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисоди сабз, таъсиси марказҳои логистикӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.

АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Latest news

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Related news