-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст бо ширкати швейтсариягии «Landgart AG» ҳамкорӣ ба роҳ монад

Дурнамои ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати швейтсариягии «Landgart AG» зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Директори минтақавӣ оид ба савдои ширкати «Landgart AG» хонум Муриел Шулер ва намояндаи тиҷоратии ин ширкат Томас Лиро дар Душанбе баррасӣ гардид.

Намояндагони ширкати «Landgart AG» доир ба паҳлуҳои фаъолияти ширкат, аз ҷумла оид ба хусусияти хоси раванди истеҳсоли коғази аълосифат, барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоявии он, ҳамкорӣ бо бонкҳои марказии кишварҳои гуногун бо истифода аз рӯнамо маълумот манзур намуданд. Зикр шуд, ки ширкати Landgart AG» соли 1872 дар Швейтсария таъсис ёфта, асосан ба истеҳсоли коғазҳои аълосифат барои барориши пулҳои коғазӣ, коғазҳои қиматнок ва намудҳои дигари ҳуҷҷатҳо бо  истифода аз таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои муосири илмиву технологӣ машғул аст.

Ширкат бо бонкҳои марказии беш аз 50 давлати дунё, назири  Швейтсария, Қазоқистон, Камбоҷа, Малайзия ва Марокаш дар самти барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоявии пул ҳамкорӣ дошта, яке аз афзалияти он истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.

Мусоҳибон инчунин масоили марбут ба ҳамкории минбаъдаи БМТ ва ширкати «Landgart AG»-ро матраҳ намуданд. Намояндагони ширкати «Landgart AG» Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзодаро  ҷиҳати боздид ва шиносоӣ бо фаъолияти ширкат ба қароргоҳи марказии «Landgart AG»- Швейтсария даъват намуданд.

АКСҲО: БМТ

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news