Барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироат, дар ҷумҳурӣ бояд майдони 611 ҳазору 797 гектар шудгор карда шуда, дар майдони 180074 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироати кишоварзӣ гузаронида шавад.
Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ, то 12 ноябр кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 112 гектар шудгор ва дар майдони 70354 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд.
Аз нақшаи умумии кишти тирамоҳӣ 158 019 гектар ғалладонагӣ, 6363 гектар картошка ва 15692 гектар сабзавот мебошад.
Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дурнамои кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироати кишоварзиро вусъат бахшида истодааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»