-5.7 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Дар 11 шаҳру навоҳии Тоҷикистон лоиҳаи VOLIP татбиқ мешавад

Ҳоло дар Лоиҳаи VOLIP дар 11 шаҳру навоҳии кишвар аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)  ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон»  амалӣ гардида истодааст. Чунин зикр шуд зимни ҳамоиши дурӯзае, ки дар БМТ оид ба маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ доир гардид.

Ҳамоиш дар  доираи татбиқи лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон» ташкил гардид. Дар ҳамоиш  роҳбарияти БМТ, масъулини Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва намояндагони ташкилоти қарзии молиявии кишвар иштирок намуда, татбиқи лоиҳаи VOLIP-ро дар самти беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Муовини Раиси БМТ Фирдавс Толибзода  зикр намуд, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломӣ дар ҷумҳурӣ муайян гардида, барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ шароити мусоид фароҳам омад. -Қабули ин қонун заминаи ташаккул ва рушди фаъолияти бонкии исломиро дар кишвар муҳайё сохт, -афзуд Фирдавс Толибзода.

Зикр шуд, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳтар намудани сатҳи некуаҳволӣ тавассути баланд бардоштани саводнокии касбии ҷавонон ва малакаву маҳорати занон, дастгирии молиявии онҳо дар самти таъмин бо шуғли муносиб ва гирифтани даромад, муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати дастрасӣ ба маблағҳо барои қисми осебпазири ҷомеа тибқи принсиҳои маблағгузории исломӣ мебошад. Татбиқи лоиҳа ба рушди бонкдории исломӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои бонкдории исломӣ дар кишвар мусоидат намуда, теъдоди зиёди истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро ба хизматрасониҳои бонкдории исломӣ ҷалб менамояд.

Доир ба ҷараёни татбиқи босамари лоиҳаи VOLIP дар Тоҷикистон», ҷалби ҷавонон ба ин барнома, ки ба баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо мусоидат менамояд, табодули назар карда шуд.

Инчунин доир ба раванди амалишавии лоиҳа аз ҷониби БМТ ва ташкилоти қарзии иштирокчии барнома рӯнамо пешниҳод гардид, ки дар он масоили марбут ба таърихи татбиқи бонкдории исломӣ, усулҳои маблағгузории исломӣ дар фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ, истифодаи амалиёти муробаҳа ва салам дар фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ матраҳ шуданд.

АКСҲО: БМТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news