-21.5 C
Tajikistan
Monday, January 24, 2022

Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид гардид

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд. Дар ин бора  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Зимни баррасии масъалаи мазкур Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Мавлудахон Мирзозода иброз намуданд, ки лоиҳаи қонуни зикргардида бо мақсади мукаммал намудани институти исботкунӣ дар баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ, ки яке аз унсурҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат ба ҳисоб меравад, таҳия гардидааст.

Мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшуда ба моддаи 64-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 4 илова карда шуда, тибқи он ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми баҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардиданд, исботкуниро талаб намекунанд, агар асл будани ҳуҷҷати ба тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бо тартиби пешбининамудаи моддаи 190 ҳамин Кодекс рад нагардида ё агар санади нотариалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бекор нашуда бошад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба боби 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»,  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рафизода, вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода, Сарвиноз Маҷидзода, Мансур Усмонзода, Ранохон Бобоҷониён муаррифӣ намуданд.

АКС: МН МО ҶТ

Latest news

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ. Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустбозиро мусовӣ анҷом доданд

Дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе 21 январ чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз гардид....

Нашриёти «Ирфон» барои тарғиби китоб дастури муфид ва муҳим ба нашр расонид

Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар заминаи нақшаи фаъолияти корӣ, нақшаи мавзӯии нашри китоб барои соли 2022, рӯйхати китобҳои дар анбор маҳфуз, рӯйхати муаллифони...

Хатлон: Озмуни вилоятии «Неруи сухан» дар Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст мегардад

Имрӯзҳо қабули маводи довталабон ба озмуни вилоятии эҷодӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» ҷараён дорад. Соли 2022...

ИМРӮЗ БА ТАЪСИСИ МАҚОМОТИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН 30 СОЛ ПУР ШУД. Гумрукчиёни тоҷик соли 2021 ба буҷети давлатӣ қариб 7 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид...

Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 мужда расонид. Соли сипаригардида ба ҷойи 5 миллиарду 965,8...

Related news