-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар Душанбе доир гардид

Шоми имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки зимни он ба се нафар иштирокчии фаъол Гулноза Ғаффорӣ аз шаҳри Хуҷанд дар номинаи сарояндагӣ (аз 18 то 40-сола), Салоҳиддинхон Ҷалолиддинхонов аз ноҳияи Спитамен дар номинаи композиторӣ (аз 18 то 40-сола) ва Иброҳим Бобиев аз шаҳри Душанбе дар номинаи навозандагӣ (аз 12 то 17-сола) Шоҳҷоиза ба маблағи 50 000 cомонӣ супорида шуд.

Аъзои ҳакамон баъд аз се даври озмун соҳибистеъдодҳоро аз рӯйи се номина- композиторӣ (оҳангсозӣ),  сарояндагӣ, навозандагӣ (дар ҳар номина се жанри вобаста ба синну сол) муайян намуда, ба ғолибони ҷойи якум- як нафар (35 ҳазор сомонӣ), ҷойи дуввум- ду нафар (25 ҳазор сомонӣ) ва ҷойи сеюм- ду нафар (15 ҳазор сомонӣ) туҳфаҳои пулӣ ва диплом супориданд. Инчунин дар ин рӯз ба устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуввум ва сеюмро соҳиб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ  ва Ифтихорнома тақдим намуданд. Дигар иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом ва маблағи 3500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар маросими ҷоизасупории  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, аъзои ҳакамон, иштирокдорону водидайни онҳо ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар маросим аз ҷониби ғолибони озмун беҳтарин суруду  оҳанг иҷро гардид.

Имсол дар даври аввали озмун 2991 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин теъдод 1317 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз 1317 нафар довталаб, ки дар даври дуюм ширкат варзиданд, 311 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин теъдод 152 нафар сароянда, 121 тан навозанда ва 38 нафар оҳангсоз мебошанд. Тибқи тақсимоти синусолӣ, ки дар Низомнома муқаррар гардидааст, дар даври сеюм 120 нафар довталаби аз 12 то 17- сола ва 191 нафар довталаби аз 18 то 40-сола иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки 15 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба 217 нафар иштирокчиёни озмун маросими супоридани Диплом бо иштироки муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Миралӣ Достизода, Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода доир гардид.

Ғолибони озмуни мазкур ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) тариқи суҳбат, ба таври ройгон, бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд. Вазорати фарҳанги мамлакат  санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

Бояд гуфт, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад. Озмун ҳамчунин баҳри тарғиби санъати асил,  боз ҳам ғанитар гардонидани фазои  маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик  равона гардидааст.

Масъулони баргузории озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буданд. Ҳамчунин  Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила барои баргузории озмун мусоидат намуда, дар тарғиб, ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод ба озмун чораҷӯӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳо Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news