-5.1 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Дар ҳамоиши Тошканд Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ таъсис ёф

0 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҳамоиши роҳбарони иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, ки зимни он бо имзои ҳуҷҷатҳо Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, хабар медиҳад Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Дар ҳамоиши мазкур Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) Маликшо Неъматзода,  раисони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи се давлат  ва ҳамчунин мудири бахши кор бо меҳнаткашони қисмати Аврупоӣ ва Осиёи Марказии Ташкилоти Байналмилалии меҳнат Сергиус Гловатскас, котиби иҷроияи минтақаи Аврупоии Конфедератсияи Байналмилалии Иттифоқҳои касаба Антон Лепик ва сармутахассис оид ба кор бо меҳнаткашони Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии Бюрои Ташкилоти Байналмилалии меҳнат Гоча Александрия тариқи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Яке аз масъалаҳои ҳамоиш- таъсиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода лоиҳаи Оиннома ва мақсаду мароми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро муаррифӣ намуд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Сатибалдӣ Даулаталин зарурати таъсиси Шӯроро ҷонибдорӣ намуда, вобаста ба интихоби роҳбарияти мақоми иҷроия ибрози ақида кард.

Зикр карда шуд, ки роҳбарии Шӯро давравӣ буда, роҳбарони иттифоқҳои касабаи давлатҳои аъзо ба мудати як сол котиби генералии Шӯро интихоб мегарданд.

Шӯро бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории иттифоқҳои касабаи минтақа, тадбиқи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳуриҳои минтақа дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат, солимгардонӣ, ҳифзи иҷтимоии кормандон, аъзои оилаи онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шудааст.

АКС: ФИКМТ

Latest news

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Related news