Аз 4 то 19 декабри соли 2021 дар шаҳри Истанбули Туркия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор мешавад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Муҳорибаҳо 7 декабр оғоз мегарданд, қисмати финалиро метавон 18 декабр тамошо кард. Мисли чемпионати ҷаҳон миёни мардҳо барои бонувон низ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст: барои ҷои аввал — 100 000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 50 000 ва ҷои сеюм — 25 000 доллари ИМА.
Бонувони варзишгар дар шаҳри Истанбули Туркия аз рӯи 12 категорияи вазнӣ сабқат мекунанд: 48кг; 50кг; 52кг; 54кг; 57кг; 60кг; 63кг; 66кг; 70кг; 75кг; 81кг; +81кг.
Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон соли 2001 – бист сол пеш – дар Скрэнтони ИМА доир гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия, Подолск, Деҳлӣ (ду маротиба), Нинбо, Бриҷтоун, Синхуандао, Ҷеҷу, Остона ва Улан-Удэ мизбони ин мусобиқа буданд.
АКС: КМО Тоҷикистон